Воридоти тухм ба Тоҷкистон мамнуъ шуд
(last modified 2018-06-07T07:02:49+00:00 )
Июн 07, 2018 12:02 Asia/Dushanbe
  • Воридоти тухм ба Тоҷкистон мамнуъ шуд

Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар гузорише аз мамнуъияти воридоти тухм ба ин кишвар хабар дод.

Ба нақл аз хабаргузории Форс дар Душанбе, мақомоти тоҷик бо баёни инки тайи ду соли ахир ширкатҳои маҳаллӣ тавони таъмини бозори дохилиро доранд, эълом карданд ба иллати тавлиди кофии ин навъ маҳсул дар кишвар ворид кардани он аз хориҷ зарурӣ нест.

Дар солҳои 2016-2017 дар Тоҷикистон, 32 ширкати воридоти тухмро баръуҳда доштанд.

Ҳаҷми солонаи воридоти ин навъи маҳсул, ки дар соли 2016 як ҳазор тонро ташкил медод дар соли гузашта то 40 тон дар сол коҳиш ёфт ва дар ҳоли ҳозир комилан мамнуъ шудааст.

Мақомоти масъули тоҷик эълом кардаанд собит ва муътадил мондани нархи тухм тайи ин муддат ва кофӣ будани ин маҳсул дар бозор нишон медиҳад, ки ширкатҳои маҳаллӣ тавони таъмини тақозои дохилии кишварро доранд.

То чанде қабл ширкатҳои тоҷикӣ тухмро бештар аз кишварҳои Эрон, Ҳинд ва Қазоқистон вориди Тоҷикистон мекарданд.

Дар моҳи марти соли равон, ҳудуди ду ҳафта баъд аз боз шудани марзи Узбакистон тухмҳои тавлидии ин кишвар ба Тоҷикистон сарозер шуд; дар натиҷа нархи як дона тухм аз 0.8 ва 1 сомонӣ ба 0.5 ва 0.6 сомонӣ коҳиш ёфт.