Замони сабти вуруди хориҷиён дар Тоҷикистон афзоиш ёфт
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35306-Замони_сабти_вуруди_хориҷиён_дар_Тоҷикистон_афзоиш_ёфт
Сухангӯи Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон аз афзоиши замони сабти номи ҳатмии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар аз се то 10 рӯзи корӣ хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 08, 2018 16:26 Asia/Dushanbe
  • Замони сабти вуруди хориҷиён дар Тоҷикистон афзоиш ёфт

Сухангӯи Кумитаи рушди гардишгарии Тоҷикистон аз афзоиши замони сабти номи ҳатмии шаҳрвандони хориҷӣ дар қаламрави ин кишвар аз се то 10 рӯзи корӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Маҳлиқо Шарифова гуфт: Тибқи муқаррароти тасвибшудаи давлат аз аввали июни имсол муддати сабти номи шаҳрвандони хориҷӣ баъд аз вуруд ба Тоҷикистон аз се то 10 рӯз афзоиш ёфтааст.

Тибқи қонуни ҷадид, шаҳрвандони хориҷе, ки ба қаламрави Тоҷикистон ворид мешаванд, бояд дар тӯли 10 рӯзи корӣ гузарномаҳои худро дар ин кишвар сабти ном кунанд.

Шарифова ҳамчунин ёдовар шуд, хориҷиҳое, ки ба Тоҷикистон бо раводиди туристӣ ворид мешаванд, метавонанд бидуни сабти ном ба муддати 30 рӯз дар ин кишвар иқомат кунанд.