"Қиблаи нахустин", шеъри шоири тоҷик дар бораи Фаластин
(last modified Sat, 09 Jun 2018 09:26:52 GMT )
Июн 09, 2018 14:26 Asia/Dushanbe

Рустам Ваҳҳоб шоир ва пажуҳишгари тоҷики дорои дараҷаи доктораи адабиёт ва муъаллифи се китоби шеър, инак шеъре дар бораи Фаластин сурудааст.

Соли 2012 маҷмӯаи мақолаҳояш «Адабиёт ва фарҳанги миллӣ» ба табъ расидааст. Мунтахаби аҳодиси Паёмбари акрам(с)-ро таҳия ва ба забони русӣ тарҷума кардааст.

Тазкираи шеъри муосири Тоҷикистон «Бӯи ҷӯи Мӯлиён» ва таҳияи китоби М.Ёҳақӣ «Фарҳанги асотир ва достонвораҳо дар адабиёти форсӣ»  аз ҷумлаи тозатарин таълифоти ӯст. Шумораи зиёди мақолаҳои илмию адабӣ ва иҷтимоии ӯ дар нашрияҳои ватанию хориҷӣ мунташир гардидааст.

Вай аз соли 2008 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон аст.

Шеъри Рустам Ваҳҳоб дар бораи Фаластин бо унвони "Қибалаи нахустин"-ро бихонед.

 

 

 

ҚИБЛАИ НАХУСТИН

 

Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам,

Каъба дар миёни ҷон, рӯй бар Фаластинам.

Ку ҳаловати имон? То зи Қудс маҳрумам,

Аз маломати виҷдон дард мекунад динам.

 

Сангҳои хунолуд, сангҳои хунолуд,,.

Ҳар шаб аз канорони дил ситора мечинам.

Бӯса мезанам аз дур, кӯдаки фаластинӣ,

Лолаҳои захми ту – муҳри Оли Ёсинам.

Новгони Озодӣ то ба гил фуру биншаст,

Ошно нахоҳам буд, беш аз ин чу биншинам.(1)

Эй башар!

Тафовутро бас азим меёбам

З-он ки ту ҳамегӯйӣ то ман он ки мебинам.

Пойгоҳи меъроҷ,

эй хоки поки Озодӣ,

Обрӯ зи ту дорад осмони рангинам.

Дидаам ба руъёе аз миёни хоку хун

Даст мебарад Ҳуре(2) сӯйи қалби сангинам.

Мекашад зи банди дил қиблаи нахустинам…

_______________

 

1. Киштинишастагонем, эй боди шурта, бархез. – Ҳофиз.

2.Ҳур – фариштаи офтоб.