3 монеаи асосии рушди сайёҳӣ дар Тоҷикистон
Бо вуҷуди доштани зарфиятҳои фаровони ҷазби гардишгарони хориҷӣ дар Тоҷикистон коршиносон роҳҳо, сабти ном ва набуди таблиғот дар бораи маконҳои муҳимми таърихӣ ва дидани ин кишварро, 3 монеи умдаи рушди гардишгарӣ дар ин ҷумҳурӣ унвон мекунанд.
Ба гузориши Спутник, мушкили аслӣ дар роҳи ҷазби гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон, гаронии нархи билети ҳавопаймо ва кам будани парвозҳои мустақим ба самти Аврупо ва ҷанубу шарқи Осиё мебошад.Зеро мавсими умдаи сафари гардишгарони хориҷӣ ба Тоҷикистон моҳҳои апрел то сентябр мебошад, ки дар ин миён қимати билети ҳавопаймо аз Берлини Олмон то шаҳри Душанбе 6 ҳазор сомонӣ ва аз Маскав то пойтахти Тоҷикистон 3 ҳазору700 сомонӣ аст. Дар ҳоле, ки ҳазинаи ин сафар то шаҳри Тошиканд мутаносибан 5 ҳазору 300 ва 2 ҳазору 600 сомонӣ мебошад.
Дар Тоҷикистон ду ширкати ҳавопаймоии “Сомон Эйр” ва “Тоҷик Эйр” фаъолият мекунад, ки ба далели набуди рақобати ҷиддӣ, имкони арзон шудани нархи билети ҳавопаймо фароҳам нест. Ҳамчунин дар Тоҷикистон умдаи фурудгоҳҳои ин кишвар дар манотиқи ҳамвор воқеъ шуда барои дӯстдорони кӯҳнавардӣ ва кӯҳпаймоӣ ба кӯҳистонҳо роҳи дастрас вуҷуд надорад. Теъдоди зиёде аз гардишгарони хориҷӣ, ки барои боздид аз кӯҳистонҳои вилояти Бадахшон ба Тоҷикистон меоянд, ҳангоми шунидани нархи ниҳоят гарони кирояи таксиҳо миёни шаҳри Душанбе то маркази ин минтақа, аз ин сафар мунсариф мешаванд. Бо вуҷуди талоши Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ошносозии хориҷиён бо имконоти гардишгарии ин кишвар ҳануз ҳам дар мавриди таблиғи маконҳои дидании ин ҷумҳурӣ дар телевизионҳои кишварҳои аврупоӣ кори чандоне анҷом нашудааст. Қаблан сабти номи илзомии гардишгарони хориҷӣ ба маҳзи вуруд ба Тоҷикистон, тайи 3 рӯз низ мушкилоти зиёде барои ин афрод ба ҳамроҳ дошт, ки ахиран ин муддат ба 10 рӯз тағйир кард.
Дар соли 2017 беш аз 431 ҳазор гардишгари хориҷӣ ба Тоҷикистон сафар кардааст, ки дар муқоиса бо соли қабл, рушди беш аз 25 дарсадиро нишон медиҳад.