Июн 13, 2018 10:24 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як сокини вилояти Бадахшон бо 100 кило ҳашиш

Кормандони Идораи амнияти миллии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон тайи амалиёте як ҷавони 28 солаи сокини ноҳияи Шуғнонро бо 100 кило ҳашиш, се қабза аслиҳаи камарӣ ва 175 адад гулӯла боздошт карданд.

Ба гузориши хабаргузории давлатии “Ховар”, гуфта мешавад, Шӯҳрат Туйбошев ин миқдор ҳашишро аз се ҳамдасти афғонистонии худ дарёфт карда буд.

Аз ин се нафар, як тан дар даргирӣ бо марзбонони тоҷик кушта ва ду тани дигар дар дохили хоки Афғонистон пинҳон шудаанд.

Дар бозҷӯиҳои аввалия мушаххас шуд, Шӯҳрат Туйбошев аз аъзои фаъоли як гурӯҳи созмонёфтаи қочоқи маводи мухаддир аст, ки ба интиқоли мавод аз Афғонистон ба Тоҷикистон машғул будааст.

Марзи муштараки Тоҷикистон ва Афғонистон дар вилояти Бадахшон минтақаи кӯҳистонии душворгузаре аст, ки ҳамвора мавриди истифодаи гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир барои интиқоли анвои ин мавод ба дохили хоки Тоҷикистон ва Қирғизистон қарор мегирад.

Фармондеҳи марзбонии Тоҷикистон эълом кардааст, илова бар боздошти ин сокини вилояти Бадахшон, тайи 24 соати ахир дар марзи муштараки ин кишвар бо Афғонистон дар се мавриди даргирӣ бо қочоқчиён ҳам 60 кило анвои маводи мухаддир кашфу мусодира шудааст.