Июн 13, 2018 10:53 Asia/Dushanbe
  • Содироти зардолуи тоза аз шимоли Тоҷикистон ба Русия

Тайи ду моҳи ахир беш аз як тонну 530 кило зардолуи тоза аз боғоти шимоли Тоҷикистон ба манотиқи мухталифи Русия содир шудааст, ки 80 дарсади кулли содироти ин меваро ташкил медиҳад.

Ба гузориши “Спутник”, дар соли 2017 як тонну 27 кило зардолуи тоза аз шимоли Тоҷикистон ба Русия содир шуд, аммо танҳо тайи ду моҳи соли ҷорӣ ин мизон ба як тонну 530 килограм расидааст.

Дар ҳоли ҳозир умдатарин муштариёни зардолуи шимоли Тоҷикистон сокинини шаҳрҳои Маскав, Олтой, Новосибирск, минтақаи Урал ва ҷумҳурии худмухтори Тотористони Русия ҳастанд.

Ба гуфтаи Хайруллоҳ Бобозода, масъули Идораи кишоварзии вилояти Суғд, қаблан мушкилоте ҳамчун камбуди мошинҳои яхдондор, дурии роҳ ва бастабандии матлуб вуҷуд дошт, ки бо ҳамкории ширкатҳои Русия ин монеаҳо бартараф шудааст.

Ҳамчунин бо ворид кардани фанновариҳои ҷадид, кори бастабандӣ ва содироти зардолуи шимоли Тоҷикистон ба Русия дар муқоиса бо солҳои қабл ба маротиб осон шудааст.

Ноҳияҳои Исфара, Ашт, Конибодом ва Бобоҷон Ғафуров ба далели доштани шароити обу ҳавои муносиб, аз минтақаҳои муҳими тавлиди зардолу дар вилояти Суғд ба ҳисоб меоянд.

Масъулони кишоварзии вилояти Суғд мегӯянд, дар мавсими бардошти зардолуи тоза дар соли ҷорӣ заминаи содироти ду тон аз ин маҳсул ба Русия вуҷуд хоҳад дошт.

 Ба гуфтаи онон, заминаи содироти зардолуи хушк ба манотиқи мухталифи Русия аз ин минтақа дар бештари фаслҳои сол фароҳам аст.