Зиндон ҷойгузини ҷаримаи молӣ барои ришвахорӣ дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35600-Зиндон_ҷойгузини_ҷаримаи_молӣ_барои_ришвахорӣ_дар_Тоҷикистон
Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни пешбинии ҷарима барои ришвахорӣ дар ин кишварро ҳазф ва ҳукми ҳабсро ҷойгузин кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 13, 2018 16:05 Asia/Dushanbe
  • Зиндон ҷойгузини ҷаримаи молӣ барои ришвахорӣ дар Тоҷикистон

Парлумони Тоҷикистон бо ислоҳи қонуни пешбинии ҷарима барои ришвахорӣ дар ин кишварро ҳазф ва ҳукми ҳабсро ҷойгузин кард.

Ба нақл аз Форс, парлумон ҷарима барои ришваро аз қавонини муртабит ҳазф намуд.

Агар дар гузашта афроди ришвадиҳанда ва гирандаро ҷарима мекарданд, аз ин ба пас онон маҳкум ба зиндон хоҳанд шуд.  

Тоҳир Нурзода, муовини Ожонсии мубориза бо фасоди ин кишвар дар парлумон гуфт: Баъди таъини ҷарима барои ришва дар ду соли ахир ҷароими марбут ба ин мавзуъ бештар сабт шудааст.

Ба ин далел ба пешниҳоди Созмони милал тасмим гирифта шуд, ки ҷарима ҳазф ва ба ҷои он муттаҳамон ба ҳабс маҳкум шаванд.  

Ду сол қабл парлумон бо ислоҳи қонун ба ришвагир имкон дода буд, ки як рӯз ҳабси худро бо пардохти 200 сомонӣ ва ҳафт солро дар ивази 800 ҳазор сомонӣ бихаранд.

Созмони шаффофияти байналмилал дар шохиси имсоли худ Тоҷикистонро миёни 180 кишвари фосид дар 161 қарор дод.  

Агар 2007 ҳудуди 500 нафар дар ин кишвар ба иттиҳоми фасод боздошт шуда буданд, ин шохис 2016 то як ҳазору 900 нафар афзоиш ёфт.