Июн 15, 2018 19:22 Asia/Dushanbe
  • Густариши ҳамкориҳои Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо Тоҷикистон

Раиси минтақаии Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд (БАТР)  аз густариши ҳафт пружаи ин бонк дар системаи молӣ ва бонкии Тоҷикистон тайи соли ҷорӣ хабар дод.

Ба гузориши хабаргузории Форс, Нил Маккейн дар дидор бо Ҷамолиддин Нуралиев муовини аввали Бонки Миллии Тоҷикистон гуфт: Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд масири ҳамкорӣ бо бонки миллии Тоҷикистонро барои оянда мушаххас кардааст.

Нил Маккейн дар идома бар тамоюли ин бонк ба ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар заминаи пешбинии шохисҳои калони иқтисодии муртабит бо таваррум таъкид кард.

Вай дар бахши дигаре аз ин дидор бо ишора ба пардохти бамавқеи ҳазинаи пружаҳои мавҷуд, омодагии худро барои густариши бештари ҳамкориҳо бо Тоҷикистон иброз дошт.

Муовини Бонки миллии Тоҷикистон низ Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушдро ба тақвияти назорат бар муассисоти эътиборӣ, афзоиши масъулияти шӯрои нозирони бонкҳо ва арзёбии кайфияти дороии системаи бонкии ин кишвар даъват кард.

Бонки Аврупоии Таҷдид ва Рушд бо бонкҳои Тоҷикистон ҳакориҳои наздике дорад. 10.7 дарсад аз саҳмияҳои Бонки Эсхата, 12 дарсад Агароинвестбонк, 13.7 дарсад Аксесбонк ва 12.5 дарсад Имон-Интернейшнали Тоҷикистон марбут ба ин бонк аст.