Таҳсили 22 ҳазор донишҷӯи тоҷик дар Русия
Сафири Русия дар Тоҷикистон теъдоди донишҷӯёни тоҷик дар марокизи омӯзишии кишварашро, 22 ҳазор нафар унвон кард.
Ба гузориши Спутник, Игор Фролов гуфтааст, ки аз ин теъдод 10 ҳазор нафар аз ҳисоби бурсияи таҳсилии давлати Русия барои донишҷӯёни тоҷик ба омӯзиши улуми мухталиф дар марокизи донишгоҳии ин кишвар, машғул мебошанд.
Вай таъкид кардааст, ки барои соли таҳсилии ҷадид ( 2018 – 2019 ) давлати Русия ба 600 нафар донишҷӯёни тоҷикистонӣ бурсия ихтисос дода, ки теъдоди довталабон беш аз 2 ҳазору 370 нафар буд. Ба гуфтаи Игор Фролов дар Тоҷикистон теъдоди довталабони вуруд ба донишгоҳҳои Русия зиёд мебошад, ки ҳокӣ аз эътибори марокизи омӯзишии ин кишвар дар миёни насли ҷавони тоҷик аст. Ҳамакнун 8 ҳазор нафар аз донишҷӯёни тоҷик дар шӯъбаҳои донишгоҳҳои давлатии Маскав, Донишгоҳи иқтисод ва Донишгоҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон дар шаҳри Душанбе, машғули таҳсил мебошанд.
Вай ба эъзоми муаллимони рус аз Русия ба Тоҷикистон, ки дар соли ҷорӣ теъдоди онон ба 60 нафар хоҳад расид, ба унвони барномаи тақвияти ҷойгоҳи забони русӣ дар миёни мардуми тоҷик ёд кард. Ҳамчунин Русия мутааҳҳид шудааст, ки аз ҳисоби буҷаи ҳукумати ин кишвар дар Тоҷикистон, 5 мактаби ҷадид эҳдос намояд.