Афзоиши қимати анвои сӯхт дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35818-Афзоиши_қимати_анвои_сӯхт_дар_Тоҷикистон
Таи рӯзҳои ахир қимати бензин, солярка ва гази моеъ дар марокизи арзаи сӯхт дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.  
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 18, 2018 15:26 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши қимати анвои сӯхт дар Тоҷикистон

Таи рӯзҳои ахир қимати бензин, солярка ва гази моеъ дар марокизи арзаи сӯхт дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст.  

Ба нақл аз Авесто, акнун як литр гази моеъ дар ин марокиз ба қиматии чаҳор сомонӣ арза мешавад, ки қаблан се сомониву 50 дирам буд.  

Як литр бензин, ки қаблан камтар аз ҳафт сомонӣ фурӯхта мешуд, акнун ба ҳафт сомониву 20 дирам арза мешавад.  

Як литр солярка низ бо афзоиши 40 дирамӣ ба ҳафт сомониву 40 дирам расидааст.