Бозҷӯии беш аз 100 нафар аз наздикони генерал Назарзода
Беш аз 100 нафар аз вобастагони генерал Абдуҳалим Назарзода, саркардаи шӯриши сентябри соли 2015, дар як соли гузашта дар муҳокимаҳои қазоии Тоҷикистон таҳт бозҷӯӣ қарор гирифтаанд.
Ба гузориши сайти "ТОП.тҷ", шӯриши генерал Абдуҳалим Назарзода, муовини вақти вазири дифои Тоҷикистон субҳи рӯзи 4 сентябри соли 2015 оғоз шуд ва бо кушта шудани вай дар 16-уми сентябр ба поён расид.
Наздикони генерал Абдуҳалим Назарзода гуфтаанд, ки дар ин бозҷӯиҳо 10 нафар аз аъзои хонавода ва хешовандони ӯ ба зиндон маҳкум шудаанд.
Бар асоси ин гузориш, ду тан аз бародарони Назарзода боздошт шуда буданд, ки яке аз онҳо озод ва дуввумӣ ба 10 соли зиндон маҳкум шуд.
Мақомоти қазоии Тоҷикистон ҳамчунин дар ин муддат 3 писар ва як духтари Назарзодаро боздошт карданд, ки 3 нафар аз онон, аз ҷумла духтараш озод шуданд ва танҳо яке аз писаронаш ба номи Бахтиёр Назаров ба 28 соли зиндон маҳкум шуд.
Алишер Назаров, писари бародари Назарзода низ, ки корманди Фурӯдгоҳи шаҳри Душанбе буд, ба ҷурми иттилоъ доштан аз шӯриши амакаш ва огоҳ накардани полис, ба 3, 5 соли зиндон маҳкум шудааст.
Мақомоти амниятӣ ва қазоии Тоҷикистон пас аз саркӯби гурӯҳи шӯришии генерал Назарзода, иқдом ба боздошти густурдаи масъулон ва аъзои аршади Ҳизби наҳзати исломии ин кишвар ба иттиҳоми иртибот бо ин ҳодиса карданд.
Дар пайи ин шӯриш фаъолияти ин гурӯҳи исломӣ дар Тоҷикистон мамнуъ шуд ва аъзои раддаи болои ин ҳизб ба зиндонҳои тӯлонӣ маҳкум шуданд.