Июн 20, 2018 08:57 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ аз Русия

Бонки марказии Русия аз афзоиши мизони даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба кишварашон тайи се моҳи нахусти имсол хабар дод.

Ба гузориши сомонаи Бонки марказии Русия, даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷик тайи ин муддат 487 миллион доллар будааст, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл 15 дарсад афзоиш ёфтааст.

Мизони даромади ирсолии ин афрод ба Тоҷикистон аз Русия тайи се моҳи нахусти соли 2017 ба 423 миллион доллар расида буд.

Ҳамчунин маҷмӯи даромади ирсолии ин афрод ба кишварашон дар соли 2017 беш аз дувуним миллиард доллар эълом шуд, ки тайи се соли ахир аз рушди нисбӣ бархурдор будааст.

Пас аз таҳримҳои Ғарб алайҳи Русия дар соли 2014, мизони маошу дастмузди коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар ин кишвар ба шиддат коҳиш ёфт, ки ин амр боиси ошуфтагӣ дар бозори дохилии Тоҷикистон шудааст.

Ин дар ҳолест, ки коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар соли 2013 чаҳор миллиарду 200 миллион доллар ба кишварашон ирсол карда буданд, ки рекорд ба ҳисоб меомад.

Дар соли 2016 ин шохис ба як миллиарду 929 миллион доллар расид ва дар соли 2017 аз марзи дувуним миллиард доллар фаротар рафт.

Аммо афзуда шудани маблағи лозим барои дарёфти муҷаввизи кору иқомат, ҳаққи бимаи иҷтимоӣ ва молиёт барои коргарони муҳоҷири хориҷӣ, аз ҷумла тоҷикон, ҳазинаи сангинеро дар Русия ба ин афрод таҳмил мекунад, ки боиси коҳиши мизони даромади молии онон мешавад.