Даргузашти таърихшиноси машҳури тоҷик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i35970-Даргузашти_таърихшиноси_машҳури_тоҷик
Узви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва яке аз таърихшиносони машҳури муосири ин кишвар баъд аз зӯҳри имрӯз бар асари сактаи мағзӣ дар синни 79 солагӣ даргузашт.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 21, 2018 16:02 Asia/Dushanbe
  • Даргузашти таърихшиноси машҳури тоҷик

Узви Фарҳангистони улуми Тоҷикистон ва яке аз таърихшиносони машҳури муосири ин кишвар баъд аз зӯҳри имрӯз бар асари сактаи мағзӣ дар синни 79 солагӣ даргузашт.

Ба гузориши Авесто, Раҳим Масов, нависандаи китобҳои “Таърихи табартақсим” ва “Тоҷикон: таърих бо мӯҳри комилан сиррӣ”, ки субҳ имрӯз панҷшанбе дар пайи сактаи мағзӣ ба бемористони шумораи се шаҳри Душанбе мунтақил шуда буд, дори фониро видоъ гуфт.

Вай дар китобҳои худ ба тақсими ноодилонаи қаламрави Осиёи Марказӣ дар даврони ҳукумати Шӯравӣ, ки тоҷиконро аз марказҳои муҳимми таърихӣ ва фарҳангии худ ҷудо кард, пардохт ва бори нахуст бо ифшои асноди маҳрамона аз архивҳои Шӯравӣ, далели ин навъ марзбандиҳои ҳукумати вақти Шӯравӣ дар даҳаи 20-и қарни 20-ро тавзеҳ дод.

Раҳим Масов 27 сол мудирияти Пажӯҳишгоҳи таърихи вобаста ба Фарҳангистони улуми Тоҷикистонро бар уҳда дошт.

Гуфта мешавад, ки вай танҳо узви Комиссияи давлатии аломатгузории марзҳои муштараки Тоҷикистон бо кишварҳои ҳамсоя буд, ки бо вогузории бахше аз қаламрави ин кишвар ба Чин мухолифат кард ва иддаои Пекин бино  бар ҳаққи моликият бар қисмате аз вилояти Бадахшонро, беасос хонд.

Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон бо баршумурдани хадамоти Раҳим Масов даргузашти ин донишманди тоҷикро ба хонаводаи вай ва аҳли илми кашвараш тасалият гуфт.