Таърихшиноси барҷастаи тоҷик дар Лучоб ба хок супурда шуд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36024-Таърихшиноси_барҷастаи_тоҷик_дар_Лучоб_ба_хок_супурда_шуд
Раҳим Масов, таърихшиноси машҳур ва барҷастаи тоҷик, ки баъд аз зуҳри панҷшанбе дар синни 79 солагӣ бар асари сактаи мағзӣ дар бемористони шумораи 3-и шаҳри Душанбе дори фониро видоъ гуфт, дирӯз дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июн 23, 2018 09:40 Asia/Dushanbe
  • Таърихшиноси барҷастаи тоҷик дар Лучоб ба хок супурда шуд

Раҳим Масов, таърихшиноси машҳур ва барҷастаи тоҷик, ки баъд аз зуҳри панҷшанбе дар синни 79 солагӣ бар асари сактаи мағзӣ дар бемористони шумораи 3-и шаҳри Душанбе дори фониро видоъ гуфт, дирӯз дар оромгоҳи Лучоб ба хок супурда шуд.

Ба гузориши хабаргузории “Форс”, дар паёми таслияти раисиҷумҳурии Тоҷикистон ба хонаводаи ин таърихшинос ва аҳли илм омадааст: “Раҳим Масов, ки машғули мутолеаи таърих ва давлатдории мардуми тоҷик буд, баъд аз худ мероси гаронбаҳоеро боқӣ гузошт”.

Эмомалӣ Раҳмон афзуд, ин донишманди машҳур дар зеҳни мардум ба унвони ковишгари зеҳнияти миллӣ ва мудофеи арзишҳои таърихии мардуми тоҷик боқӣ хоҳад монд.

 Маросими ҷанозаи Масов субҳи дирӯз, 22-юми июн дар манзили вай дар пушти Осорхонаи миллии бостоншиносии Тоҷикистон таҳти имомати Саидмукаррам Абдулқодирзода, раиси Шӯрои уламои Маркази исломшиносии ин кишвар баргузор шуд.

Сипас пайкари вай барои хоксупорӣ ба оромгоҳи Лучоби шаҳри Душанбе, маҳалли дафни шахсиятҳои барҷастаи тоҷик мунтақил ва бо ҳузури густурдаи мардум ба дори боқӣ гусел шуд.