Июн 25, 2018 09:45 Asia/Dushanbe
  • Қадрдонӣ аз як тоҷик барои наҷоти мардум дар Русия

Маҷмаи руҳониёни мусулмони Русия пас аз гузашти се моҳ аз оташсӯзӣ дар маркази тиҷории "Зимная вишня" ба шаҳри Кемерово рафта ва аз Фарзон Салимов зодаи Тоҷикистон барои наҷоти мардум аз ин ҳодиса бо додани медал, қадрдонӣ кард.

Қадрдонӣ аз Фарзон Салимов ба фармони муфтӣ Алберт Крганов муовини раиси Шӯрои муфтиёти мусулмонони Русия сурат гирифт.

Фарзон Салимов бо ба хатар андохтани ҷони худ барои наҷоти мардум ва ба вижа кӯдакон аз дохили сохтмони маркази тиҷории "Зимная вишня", вазифаи инсонии худро анҷом дода буд.

Александр Бистрикин раиси кумитаи тафтишоти Русия, ки барои баррасии сабаби оташсӯзӣ дар ин маркази тиҷорӣ ба шаҳри Кемерово рафта буд, аз се тан, ки барои наҷоти мардум аз оташсӯзӣ кумаки фаровоне карда буданд, ташаккур кард, ки дар миёни онон, Фарзон Салимов шаҳрванди Тоҷикистон низ мушоҳида мешавад.

Фарзон Салимов ва Маҳмуд Хоҷаев шаҳрвандони Тоҷикистон ба унвони фурӯшнда ва нигаҳбон дар як фурӯшгоҳи кафш воқеъ дар маркази тиҷории "Зимная вишня" кор мекарданд, ки бо огоҳ шудан аз оташсӯзӣ дар табақаи чаҳоруми ин марказ, ба кумаки мардум шитофтанд ва ҷони наздик ба 50 нафарро наҷот доданд.

Бар асари оташсӯзии рӯзи 25 марти соли ҷорӣ дар маркази тиҷории "Зимная Вишня" дар шаҳри Кемеровои Русия, 64 нафар ҷон бохтанд.

Фарзон Салимов гуфтааст, пеш аз поёни донишгоҳ барои кор дар Русия монд ва бо пазириши шаҳрвандии ин кишвар, акнун бо ҳамсар ва се фарзандаш дар шаҳри Кемерово фаъолият мекунад.