Июн 26, 2018 09:27 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди намояндаи парлумони Тоҷикистон аз афзоиши қиматҳо дар ин кишвар

Раиси Ҳизби демократ ва вакили ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон аз афзоиши қиматҳо дар ин кишвар ба баҳонаи боло рафтани қимати сӯхт интиқод кард.

Ба гузориши “Азия плюс”, Саидҷаъфар Усмонзода гуфтааст, ки афзоиши қимати сӯхт набояд мӯҷиби гаронии қимати маводи ғизоӣ дар Тоҷикистон шавад ва вакилони Маҷлиси намояндагон аз давлат дар ин маврид тавзеҳ хостаанд. Ӯ таъкид кардааст, ки масъулони вазоратҳо бо мақомоти ширкатҳои сӯхтрасон дар Русия, Қазоқистон ва Туркманистон дар ҳоли музокира ҳастанд, то роҳе барои коҳиши қимати бензин, солярка ва гази моеъ пайдо кунанд.

Тоҷикистон ба таври комил ба сӯхти воридотӣ аз хориҷ вобаста аст ва ҳар навъ тағйироте дар бозори нафт метавонад мӯҷиби афзоиши қимати маводи ғизоӣ дар бозорҳои ин кишвар шавад.

Ишораи Усмонзода ба афзоиши ахири қимати бензин, соялрка ва гази моеъ дар марокизи сӯхтрасонӣ дар Тоҷикистон аст, ки мутаносибан 15 то 20 дарсад гарон шуда ва рӯйи соири қиматҳо низ таъсир гузоштааст. Акнун як литар гази моеъ дар ин марокиз ба қимати чаҳор сомонию 20 то 50 дирам арза мешавад, ки қаблан се сомонию 50 дирам буд. Ҳамчунин як литр бензин, ки қаблан камтар аз ҳафт сомонӣ фурӯхта мешуд, акнун ба қимати ҳафт сомонию 20 то 90 дирам арза мешавад. Қимати як литр солярка низ бо афзоиши 40-дирамӣ ба ҳафт сомонию 40 дирам расидааст.

Ба далели надоштани истихроҷи нафту газ дар дохили Тоҷикистон бахши умдаи сӯхти мавриди ниёзи ин кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ворид мешавад. Ҳамакнун як литр бензин дар Узбакистон 52 сент, дар Тоҷикистон 98 сент, дар Қирғизистон 65 сент, дар Қазоқистон 56 сент ва дар Туркманистон 43 сент мебошад.