Июн 27, 2018 09:26 Asia/Dushanbe
  • Фаъолияти 98 дарсади коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия

Мудири маркази пажӯҳишии “Шарқ” дар Душанбе эълом кард, 98 дарсади коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия фаъолият мекунанд.

Ба гузориши “ТТА”, (ТоҷикТА), хонум Саодат Олимова гуфтааст, бо вуҷуди сахт шудани қонунҳои кор ва муҳоҷират дар Русия, ин кишвар ҳамчунон бузургтарин маҳалли кор барои шаҳрвандони Тоҷикистон боқӣ мемонад.

Вай муътақид аст, наздик ба 52 дарсад аз аъзои хонаводаи тоҷикҳо дастикам як бор барои кор ба хориҷи кишвар ва умдатан Русия рафтаанд.

Дар ин миён сокинони вилояти Бадахшон ба таври миёна ду сол дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва пас аз ин муддат ба зодгоҳи худ бозмегарданд.

Аммо сокинони вилоятҳои Суғд ва Хатлон ҳамасола барои кори мавсимӣ дар фаслҳои баҳору тобистон ба Русия мераванд ва муддати ҳузури онон дар ин кишвар аз шаш то 10 моҳ аст ва бо фаро расидани сармо ба зодгоҳи худ бозмегарданд.

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи мақомоти Бонки марказии Русия, даромади ирсолии коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ ба кишварашон дар соли 2017 беш аз дувуним миллиард доллар баровард шудааст, ки тайи се соли ахир аз рушди нисбӣ бархурдор будааст.