Июн 27, 2018 13:49 Asia/Dushanbe
  • Ситоиши тоҷикҳо аз бозиҳои таҳсинбарангези тими миллии  футболи Эрон

Бозиҳои таҳсинбарангези тими миллии футболи Ҷумҳурии исломии Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русия, бо тамҷид ва истиқболи шахсиятҳои фарҳангӣ ва корбарони тоҷики шабакаҳои маҷозӣ ба вижа Фейсбук ру ба ру шуд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, аз нигоҳи бинандагон ва тамошочиёни футбол бозиҳои ин тим ба вижа бозии ниҳоиаш бо тими миллии Португалия, нуқтаи барҷастаи ҳунарнамоии футболбозони эронӣ дар Ҷоми ҷаҳонӣ буд.

Нозирҷон Ёдгорӣ нависанда ва рӯзноманигори ботаҷруба, ошкоро муваффақияти ҳатмии тими милли футболи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии онядаро пешгӯӣ кардааст.

Аъло Умарзод дабири риёзӣ дар яке аз мактабҳои Душанбе ҳам ба тахфифи ҷазои Кристиано Роналдо  ситораи маъруфи футболи Португалия аз сӯи довари бозӣ ишора карда ва навиштааст агар довар ба Роналдо карти сурх медод ин футболбоз бо шармандагӣ Русияро тарк мегуят.

Ҳаким Рабимпур аз фаолони мадании муҳоҷирини тоҷик дар Амрико ҳам навиштааст: Офарин ба эрониҳо! то охирин сонияҳо талоши фаровоне карданд ва фикр мекунам  ин тим, тими ояндадоре аст.

Обид Шакурзода рӯзноманигор ва пажуҳишгари барҷаста ҳам корномаи Эрон дар Ҷоми ҷаҳонии 2018 Русияро беназир хондааст.

Ин чеҳраи матраҳи фарҳангӣ беш аз ин низ матнҳои ҳамосӣ дар ситоиши футболбозони футболи эронӣ дар шабакаҳои маҷозӣ гузошта ва ҳимояти худро аз ин тим эълом карда буд.