Июн 27, 2018 15:17 Asia/Dushanbe
  • Иқомати осон дар Русия дар сурати тасаллут ба забони русӣ

Русия ба шахсони бидуни тобеият (бе шаҳрвандӣ) тартиби гирифтани шаҳрвандиро сода мегардонад. Тартиботи нав аз 1 январи соли 2020 ҷорӣ хоҳад шуд.

Ба иттилои Форс, раисҷумҳури Русия Владимир Путин Вазорати умури дохилаи кишвар ва Вазорати меҳнатро ӯҳдадор кард, ки Русия тартиби гирифтани иҷозатномаи иқомати муваққатӣ ва доимиро барои шаҳрвандони хориҷӣ ва шахсони бидуни тобеият осон карда шавад.

Ин андоза нисбати нафароне, ки забони русиро хуб медонанд ва дар Русия кор ва зиндагӣ кардан мехоҳанд, қабул мешавад. Тартиботи мазкур аз моҳи январи соли 2020 ҷорӣ хоҳад шуд.

Раисҷумҳур ҳамчунин қайд кард, ки дар ҳолати зарурӣ ба қонунгузории Русия тағйирот ворид карда мешавад.

Дар назар аст, ки супориши Путин то 31 августи соли 2018 иҷро карда шавад.

Бори аввал дар бораи зарурати ин тағйиротҳо Путин дар рафти "Пахши мустақим" 7 июн таъкид кард. Раисҷумҳур дар посух ба суол дар бораи шаҳрвандии Русия гуфт, ки кишвар бояд ин равандро сода кунад.

Пештар, вакили Маҷлиси Русия Константин Затулин пешниҳод кард, ки дар Русия тартиби гирифтани шаҳрвандӣ осон шавад.