Таҷлили Рӯзи Ваҳдати миллӣ дар Теҳрон
Дар бинои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Теҳрон бахшида ба ифтихори 21-умин солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ нишасти идона ва чорабинии фарҳангӣ бо ҳузури шаҳрвандони тоҷикистонии муқими Эрон ва донишҷӯёни тоҷики донишгоҳҳои ҶИЭ баргузор гардид.
Баъд аз пахши садои Суруди миллӣ, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода ҳозиринро бо ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ табрик гуфта, роҷеъ ба аҳамияти ваҳдату ҳамбастагӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафту дастовардҳои ҷумҳурӣ ва нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар раванди эҳё ва ташаккули давлату давлатдории тоҷикон, ташаббусҳои байналмилалии ҷумҳурӣ дар соҳаи об, соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ эълон шудани соли 2018 ва баргузории ҳамоишҳои муҳими байналмилалӣ дар соли ҷорӣ дар кишвар суханронӣ кард.
Сафири Тоҷикистон бо донишҷӯёну тоҷикони муқими Эрон сӯҳбати дӯстона ва самимӣ барпо намуда, дар бораи сиёсати Ҳукумати кишвар вобаста ба ҷавонон, аҳамияти ҳузури фаъоли ҷавонону донишҷӯёнро дар амалисозии сиёсати пешгирифтаи роҳбарияти кишвар таъкид карда, донишҷӯёнро ба саъю кушиш ба таҳсили матлуб, ватандӯстӣ ва зиракии бештари сиёсӣ даъват намуда, изҳори умедворӣ кард, ки онҳо бо касби илму ҳунарҳои зарурӣ, бо ҳузури фаъоли худ дар пешрафту ободии беш аз пеши ҷумҳурӣ саҳми муносиб хоҳанд гузошт.
Дар идома барномаи консертии ҷолиб ва наворҳо дар бораи соҳаи сайёҳӣ дар Тоҷикистон намоиш дода шуд. Гушаҳои бинои Сафорат бо шиору лавҳаҳо ва аксҳои ҷолиби гардишгарӣ ороиш ёфта, китобҳо ва асару таълифоти гуногун дар бораи таъриху фарҳанги мардуми тоҷик ба маърази намоиш гузошта шудаанд. Дар фарҷом иштирокдорон ба дастархонаи идона даъват гардиданд.