Июн 29, 2018 18:06 Asia/Dushanbe
  • Арзёбии манфии Амрико аз мубориза бо бардадорӣ дар Тоҷикистон

Дар гузориши солонаи Вазорати хориҷаи Амрико дар бораи "Тиҷорати инсон", вазъияти мубориза бо бардадорӣ дар Тоҷикистон бад ва номатлуб тавсиф шудааст.

Ба гузориши сомонаи Фарғона, дар ин гузориш, ки рӯзи панҷшанбе мунташир шуд, вазъияти мубориза бо бардадорӣ тайи соли гузашта дар Тоҷикистон ва Қирғизистон, номатлуб ва дар Узбакистон рӯ ба беҳбуд арзёбӣ шудааст.

Дар ин хабар ба иллат ва ҷузъиёти мубориза бо бардадорӣ дар Тоҷикистон ишора нашудааст.

Дар санади солонаи Вазорати хориҷаи Амрико бо унвони "Гузориш дар бораи тиҷорати инсон" мавридҳое ҳамчун бардадории иқтисодӣ ва ҷинсӣ, кори иҷбории кӯдакон, баҳракашии ҷинсии занон ва тиҷорати инсон дар саросари ҷаҳон мавриди арзёбӣ ва нақд қарор мегирад.

Тайи солҳои ахир давлати Амрико борҳо аз Тоҷикистон ба хотири мавридҳои марбут ба нақзи озодиҳои мазҳабӣ ва маданӣ интиқод кардааст. Ин дар ҳоле аст, ки давлати Тоҷикистон тамоми мавридҳои ёдшударо рад кардааст.