Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор мешавад
(last modified Fri, 29 Jun 2018 14:15:07 GMT )
Июн 29, 2018 19:15 Asia/Dushanbe
  • Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор мешавад

Вазирони фарҳанги Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар Боку дидор ва дар бораи масоили марбут ба тавсиа ва тақвияти равобити фарҳангии ду кишвар гуфтугӯ карданд.

Ба гузориши хабаргузории Форс, дар дидори Шамсиддин Орумбекзода вазири фарҳанги Тоҷикистон  ва Абдулфайз Гараев ҳамтои озарбойҷонии вай дар шаҳри Боку, тавсиаи иртибототи фарҳангии миёни ду кишвар, аз ҷумла баргузории рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баррасӣ шуд.

Вазирони фарҳанги ду кишвар ҳамчунин дар бораи масоили марбут ба сафар ва барномаҳои муштараки ҳайатҳои ҳунарии ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар сӯҳбат ва дар хусуси баргузории намоишгоҳҳои ҳунарҳои дастӣ, наққошӣ, осори ҳунарӣ ва либосҳои миллӣ ва маҳаллии мардуми Тоҷикистон ва Озарбойҷон дар кишварҳои якдигар тавофуқ карданд.

Ҳузури намояндагони ду кишвар дар ҷашнвораҳо ва мусобиқоти байналамллӣ дар қаламрави якдигар ва ширкат дар давраҳои коромӯзии ду кишвар, аз дигар мавзӯъҳои ин дидор буд.