Июн 30, 2018 10:11 Asia/Dushanbe
  •  Мақоми рус: Қазоқистон рақиби Русия дар содироти бензин ба Тоҷикистон нест

Александр Фролов, муовини мудири Пажӯҳишгоҳи миллии энержӣ дар Русия муътақид аст, Қазоқистон наметавонд бензини бокайфият ба Тоҷикистон содир кунад ва дар бозори сӯхти ин кишвар ҷойгузини Маскав шавад.

Ба гузориши “Спутник”, Дониёр Тиесов, муовини мудири ширкати миллии фаровардаҳои нафту гази Қазоқистон дар умури ҳамлу нақл ва бозорёбӣ гуфта буд, Тоҷикистон метавонад бензини мавриди ниёзи худро аз ин кишвар ба қимати ба маротиб арзонтар аз Русия харидорӣ кунад.

Александр Фролов дар вокуниш ба ин изҳори назар гуфтааст, кайфияти бензини тавлидшуда дар полоишгоҳҳои Қазоқистон дар муқоиса бо бензини тавлидӣ дар Русия ба маротиб пойинтар аст.

Ҳамчунин Қазоқистон тоза талош мекунад, ки бо афзоиши тавлиди бензин дар полоишгоҳҳои худ дар тирамоҳи имсол, барои фурӯши 400 ҳазор тон аз ин навъи сӯхт ба хориҷ омода шавад ва Тоҷикистон аз ҷумлаи муштариёни эҳтимолиаш хоҳад буд.

Ба гуфтаи вай, ин дар ҳолест, ки Русия бар асоси созишномаи дуҷониба бо Тоҷикистон, ҳар сол беш аз як миллион тон сӯхт бидуни дарёфти боҷи гумрукӣ ба ин кишвар содир мекунад.

Тайи рӯзҳои ахир қимати як литр бензин ва солярка дар Тоҷикистон аз ҳафт сомонӣ фаротар рафта ва ба ҳашт сомонӣ низ расидааст.

Ба далели надоштани истихроҷи нафту газ дар дохили Тоҷикистон, бахши асосии сӯхти мавриди ниёзи ин кишвар аз Русия, Қазоқистон ва Туркманистон ворид мешавад.