Фуруди изтирории ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" дар Маскав
Ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" баъд аз парвоз аз шаҳри Маскав ба самти Тоҷикистон ба мушкилоти фаннӣ бархурд, вле бидуни ҳеҷ осибе ба фурудгоҳ бозгашт.
Ба нақл аз хабаргузории Форс, ҳавопаймои ширкати "Тоҷик Эйр" баъд аз чанд дақиқа парвоз аз шаҳри Маскав ба самти Хуҷанд-и Тоҷикистон бо мушкилоти фаннӣ ру ба ру шуд, вале тавонист ба фурудгоҳи мабдаъ(Домодедово) бозгардад.
Ин ҳавопаймо ҳомили 141 мусофир дар хатсайри Маскав-Хуҷанд соати 2 бомдоди рӯзи душанбе парвоз кард, аммо баъд аз чанд дақиқа ба фурудгоҳи Домодедово бозгашт.
Дафтари матбуотии ширкати ҳавопаймоии "Тоҷик Эйр" бо таъиди ин хабар иллати фуруди изтирории ҳавопаймои худро коҳиши фишори ҳаво дар дохили ҳавопаймо унвон кард.
Дар ҳоли ҳозир тамоми мусофирони ҳавопаймои "Тоҷик Эйр" дар яке аз меҳмонхонаҳои шаҳри Маскав ҷой дода шудаанд.
Бино бар суҳбатҳои Азиз Хайруллоев-сухангӯи дафтари матбуотии ин ширкат, муҳандисон дар ҳоли таъмири ҳавопаймо ҳастанд ва дар аввалин фурсат иттилооти комил дар ин хусус ироа хоҳад шуд.
Тоҷик Эйр иддао кард баъд аз анҷоми ташхиси фании ҳавопаймои Боинг 737-300 аз Маскав ба самти Хуҷанд парвоз мекунад.