Шикояти Каромат Шарифов ба додгоҳи шаҳри Душанбе
(last modified Tue, 03 Jul 2018 05:34:26 GMT )
Июл 03, 2018 10:34 Asia/Dushanbe
  • Шикояти Каромат Шарифов ба додгоҳи шаҳри Душанбе

Пас аз он ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе шикояти раиси Ҷунбиши коргарони муҳоҷири тоҷикистонӣ дар Русия алайҳи Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро баррасӣ накард, вай ин мавзӯъро ба додгоҳи пойтахти ин кишвар кашондааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, Каромат Шарифов пас аз худдории додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе аз баррасии шикояти вай алайҳи Вазорати умури дохилии Тоҷикистон акнун ин моҷароро ба догоҳи пойтахти ин кишвар кашондааст. Каромат Шарифов муддаӣ аст, мақомоти ин вазорат бо ироаи иттилооти нодуруст дар бораи тобеияти тоҷикистонии ӯ заминаи ихроҷаш аз Русияро фароҳам кардаанд.

Мақомоти Вазорати дохилӣ ва Идораи судури шиносномаи Тоҷикистон мегӯянд, Каромат Шарифов, мутаваллиди ноҳияи Файзободи ин кишвар аст ва шаҳрвандии ӯ бояд аз сӯйи додгоҳ ва бо ҳукми раисҷумҳур лағв шавад. Аммо Шарифов муддаӣ аст, ӯ ба унвони афсари бознишастаи артиши Русия тобеияти ин кишварро дорад ва ихроҷаш аз Русия ба Тоҷикистон бар асоси асноди қалбакии Вазорати корҳои дохилии ин кишвар ғайриқонунӣ аст. Ба гуфтаи ӯ, Тоҷикистон танҳо зодгоҳи ӯст ва замоне ки барои идомаи хидмат дар артиши Русия ба ин кишвар рафта, аслан шиносномаи ҷадиди тоҷикӣ вуҷуд надошт ва пас аз фурӯпошии Иттиҳоди Шӯравӣ ҳеҷ гоҳ шиносномаи шаҳрвандии Тоҷикистон дарёфт накардааст.

Додгоҳи ноҳияи Любертсии вилояти Маскав 30 ноябри соли 2017 шаҳрвандии Каромат Шарифовро ба иттиҳоми дарёфти ғайриқонунии шиносномаи шаҳрвандии Русия лағв ва ӯро бар асоси санади консулгарии Тоҷикистон аз Русия ихроҷ кард ва ба зодгоҳш баргардонд. Шарифов иллати ихроҷаш аз Русияро дифоъ аз ҳуқуқи коргарони муҳоҷири тоҷик эълом карда, ки боиси норизоиятии мақомоти Маскав шудааст.