Июл 04, 2018 10:47 Asia/Dushanbe
  • Бонки Ҷаҳонӣ: Афзоиши ҷамъият - бомбаи соатӣ дар Тоҷикистон

Бонки Ҷаҳонӣ рушди босуръати ҷамъияти Тоҷикистонро, ки мутаносиб бо барномаи эҷоди шуғл дар ин кишвар нест, бомбаи соатӣ ва шамшери дулаба (дудама) унвон кардааст.

Ба гузориши сайти Ахбори Осиёи Марказӣ, коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ муътақиданд, ҷамъияти ҷавон ва рӯ ба афзоиши Тоҷикистон дар сурати барномарезии илмӣ ва саҳеҳ, метавонад муҷиби рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии ин кишвар шавад, вале ба далели равшан набудани мавзӯи корофаринӣ дар оянда, ин омил таҳдиде барои амнияти ин кишвар маҳсуб хоҳад шуд.

Дар Тоҷикистон барномаи давлатии корофаринӣ маҳдуд аст ва бахши хусусии ин кишвар низ ҳанӯз аз рушди матлуб бархурдор нест, ки битавонад барои ҷавонони тоҷик заминаи корро фароҳам созад.

Дар ҳоле, ки як севум аз ҷамъияти 9 миллионнафарии Тоҷикистонро навҷавонони то 14 сола ташкил медиҳанд ва барномаи муҳоҷирати нерӯи кори ҷавони ин кишвар ба хориҷ ҳам мубҳам ва норавшан аст.

Аз дидгоҳи коршиносони Бонки Ҷаҳонӣ, бо мизони болои бекорӣ ва фақр, вуҷуди фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар идороти давлатӣ, надоштани барномаи дақиқи иштиғолзоӣ, ки мутаносиб бо рушди ҷамъияти Тоҷикистон бошад, ин мавзуъ метавонад дар оянда мушкилоти зиёдеро барои Тоҷикистон эҷод кунад.

Тоҷикистон дар миёни кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд (ИДМ) аз нигоҳи рушди ҷамъият дар мақоми нахуст қарор дорад ва дар мавриди дурнамои ин мавзуъ ва паёмадҳои он, коршиносон дидгоҳҳои мутафовите ироа мекунанд.

Ба гуфтаи Хайруннисо Юсуфӣ, муовини раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар соли 2020 бо ҳисоби рушди солонаи беш аз ду дарсадии ҷамъият, теъдоди сокинони ин ҷумҳурӣ ба беш аз 10 миллиону 600 ҳазор нафар хоҳад расид.

Аммо барои таъмини ниёзҳои ҷамъияти рӯ ба афзоиши Тоҷикистон, бояд солона дар ин кишвар 170 мактаби нав бо зарфияти ҳазор донишомӯз барои ҳар як, садҳо бемористон ва марказҳои беҳдоштӣ ва дармонӣ, маҳди кӯдак ва корхонаи саноатӣ сохта шавад.

Доктор Нуруддин Қайюмов, узви Академияи улуми Тоҷикистон муътақид аст, дар сурати истифодаи беҳина аз заминҳои кишоварзӣ, ин кишвар метавонад ғизои 25 то 30 миллион нафар ҷамъиятро бо маводи ғизоии тавлиди дохил таъмин кунад.

Вале теъдоди дигаре аз коршиносон мегӯянд, бидуни афзоиши эъзоми коргарони дорои омӯзишҳои фаннӣ ва ҳирфаии Тоҷикистон ба хориҷи кишвар, ба вижа Русия, давлати ин кишвар тавоноии иштиғолзоӣ ва таъмини амнияти ғизоии ҷамъияти рӯ ба афзоиши худро нахоҳад дошт.