Поёни зиндагии дурӯғини муҳоҷири тоҷик бо зани рус
Додгоҳе дар Русия ақди никоҳи як муҳоҷири тоҷик бо зани русро ботил кард.
Ба гузориши сомонаи интернетии раиси вилояти Новгород, воқеъ дар шимолу ғарби Русия, дар моҳи апрели имсол як муҳоҷири тоҷик дар ивази пардохти 25 ҳазор рубли русӣ (муодили 400 доллар) ба як зани рус, вайро ба ақди худ даровард.
Акнун бо гузашти се моҳ масъулони додгоҳ дарёфтаанд, ки ин муҳоҷири тоҷик, ки исмаш зикр нашуда, ба хотири иқомати муваққат дар Русия иқдом ба ақди ин зани рус кардааст.
Дар ҳукми додгоҳ гуфта шудааст, ин марди тоҷик ва хонуми рус ҳаргиз бо ҳам зиндагӣ накарда ва аслан қасди ташкили хонаводаро ҳам надоштаанд.
Ҳамасола беш аз як миллион нафар аз ҷамъияти 9 миллионии Тоҷикистон барои анҷоми кори доимӣ ё муваққат роҳии Русия мешаванд.
Издивоҷ бо шаҳрвандони Русия яке аз роҳҳои касби иқомати муваққат ва сипас доимӣ барои шаҳрвандони дигар кишварҳо, аз ҷумла тоҷикон аст.