Имзои Қонуни аломатгузории манотиқи марзи муштараки Узбакистону Тоҷикистон
(last modified Thu, 05 Jul 2018 04:28:25 GMT )
Июл 05, 2018 09:28 Asia/Dushanbe
  • Имзои Қонуни аломатгузории манотиқи марзи муштараки Узбакистону Тоҷикистон

Раисҷумҳури Узбакистон Қонуни аломатгузории бархе аз манотиқи ҷудогонаи марзи муштараки ин кишварро бо Тоҷикистон имзо кард.

Ба гузоришт “Спутник”, қаблан ин қонун тавассути маҷолиси намояндагон ва сенати Узбакистон ба тасвиб расида буд, ки ахиран аз сӯйи Шавкат Мирзиёев, раисҷумҳури ин кишвар имзо шудааст.

Узбакистону Тоҷикистон дорои марзи муштараки 1 ҳазору 33-километрӣ ҳастанд, ки тайи 25 соли ахир, дар даврони истиқлоли ин кишварҳо аз Иттиҳоди Шӯравии собиқ ихтилофи назар бар сари ҳаққи моликияти Тошканд ва Душанбе бар бархе аз манотиқ монеаи аломатгузории 20 дарсад аз марзи муштараки ин ду кишвари ҳамсоя мешавад, аммо дар ҷараёни нахустин сафари раисҷумҳури Узбакистон ба Тоҷикистон дар моҳи марти соли ҷорӣ тарафҳо дар бораи аломатгузории бархе аз манотиқи ҷудогона ва мавриди ихтилофи ду кишвар тавофуқ карданд. Умдаи ихтилофи ду кишвар бар сар истифода аз заминҳои атрофи садду нерӯгоҳи барқи обии “Фарҳод” буд, ки моликияти Узбакистон ба ҳисоб меомад, аммо дар дохили қаламрави Тоҷикистон воқеъ шуда буд.

Бар асоси ин тавофуқи ҷадид, таъмини амнияти сад ва нерӯгоҳи барқи обии “Фарҳод” бар уҳдаи Тоҷикистон аст ва Узбакистон тамоми ҳазинаҳои тармим ва нигаҳдории ин таъсисотро пардохт ва аз барқу оби он истифода мекунад. Қаблан дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон муқаррароти вуруди васоили нақлия, масолеҳи сохтмонӣ ва коргарони Узбакистон барои тармиму бозсозии сад ва нерӯгоҳи барқи обии “Фарҳод”, таъмини оби мавриди ниёзи кишоварзони узбакистонӣ ва амнияти ин таъсисот тасвиб шуда буд. Сад ва нерӯгоҳи барқи обии “Фарҳод” дар даҳаи 1950 бар рӯйи рӯдхонаи Сир дар марзи муштараки Тоҷикистону Узбакистон сохта шуд ва манбаи таъмини оби бахшҳое аз хоки Узбакистон ба ҳисоб меояд. Пушти садди ин нерӯгоҳ 350 миллион метри муккааб об захира мешавад, ки ниёзи бахши кишоварзии Узбакистонро таъмин мекунад.