Озодии Зарафо Раҳмонӣ аз зиндон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i3643-Озодии_Зарафо_Раҳмонӣ_аз_зиндон
Хонуи Зарафо Раҳмонӣ, узви зиндонии Раёсати олии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон бар асоси қонуни ҷадиди афви умумӣ дар ин кишвар озод шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Сентябр 06, 2016 04:39 Asia/Dushanbe
  • Озодии Зарафо Раҳмонӣ аз зиндон

Хонуи Зарафо Раҳмонӣ, узви зиндонии Раёсати олии Ҳизби мамнуаи наҳзати исломии Тоҷикистон бар асоси қонуни ҷадиди афви умумӣ дар ин кишвар озод шуд.

Ба гузориши "Озодагон", Зарафо Раҳмонӣ, мушовири ҳуқуқии раиси ин ҳизб, ки ба ду сол ҳабс маҳкум шуда буд, дирӯз озод ва ба манзили худ баргашт.

Зарафо Раҳмонӣ ягона зан миёни 13 аъзои фаъоли ҳизби дар Тоҷикистон мамнуи наҳзати исломӣ буд, ки пас аз амалиёти нерӯҳои ҳукумат алайҳи гурӯҳи Абдуҳалим Назарзода, муовини вазири дифоъ дар моҳи сентябри соли 2015 боздошт шуданд.

Моҳи июни соли 2016 Додгоҳи олӣ хонум Раҳмониро барои 2 сол равонаи зиндон кард. Ин камтарин ҳукми додгоҳ дар қиболи 13 узви Раёсати олии ҲНИТ буд.

Афроди дигар аз 14 то 28 ва ду нафар - Маҳмадалӣ Ҳайит ва Сайидумар Ҳусайнӣ, муовинони раиси ин ҳизб ба ҳабси абад маҳкум шуданд.

Раҳоии Зарафо Раҳмониро ба қонуни нави афв марбут медонанд. Ҳанӯз қабл аз тасвиби қонуни мазкур сару садоҳо дар мавриди озод шудани Раҳмонӣ расонаӣ шуда буд. Он замон гуфта мешуд, шояд ӯ таҳти фишори созмонҳои ҳуқуқи башарии байналмилаӣ раҳо гардад.