Июл 06, 2018 18:19 Asia/Dushanbe
  • Душанбе мизбони намоишгоҳи байналмилалии “Тоҷикистон – 2018”

Утоқи бозаргонии Тоҷикистон аз баргузории як намоишгоҳи байналмилалӣ дар моҳи августи соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе хабар дод.

Намоишгоҳи байналмилалии «Тоҷикистон-2018» дар Кохи Борбади шаҳри Душанбе рӯзҳои 10 то 13 августи соли ҷорӣ баргузор мешавад.

Ин намоишгоҳ тавассути утоқи бозаргонӣ ва ҳимояти давлати Тоҷикистон сурат мегирад.

Дар ин намоишгоҳ ҳам ширкатҳои дохилӣ ва ҳам хориҷӣ маҳсулоти тавлидии худро ба фурӯш ва намоиш хоҳанд гузошт.

Молу маҳсулоти марбут ба бахши энержӣ, маъдан, мошинолот, металлургия, саноати химиёвӣ, кишоварзӣ, ғизоӣ, беҳдоштӣ, дорӯ, гардишгарӣ ва ғайра дар намоишгоҳи мазкур ба фурӯш гузашта мешаванд.