Сентябр 06, 2016 09:42 Asia/Dushanbe
  • Талош барои пайвастан ба ДИИШ як сокини Душанберо равонаи зиндон кард

Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе як сокини пойтахти Тоҷикистонро ба иттиҳоми талош барои пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ба 6,5 сол зиндон маҳкум кард.

Ба гузориш радиои тоҷикӣ, ба нақл аз сайти Додситонии кулли Тоҷикистон, ин шаҳрванд, ки аз вай ба номи Диловар Музаффаров ёд мешавад, рӯзи 4 –уми майи соли ҷорӣ ҳангоми парвоз дар масири Маскав – Истамбул дар роҳи рафтан ба Сурия, аз сӯйи мақомоти бахши амнияти фурудгоҳи "Внуково" боздошт шуда буд.

Бино бар эъломи дафтари матбуоти Додситонии кулли Тоҷикистон , Диловар Музаффаров замоне, ки дар шаҳри Новосибрски Русия ба унвони коргари муҳоҷир фаъолият мекард, аз суйи ду шаҳрванди тоҷик барои рафтан ба Сурия ва пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ ташвиқ шудааст, аммо мақомоти бахши амниятии фурӯдгоҳи "Внуково"-и шаҳри Маскав вайро ҳангоми парвоз ба сӯйи шаҳри Истанбули Туркия боздошт ва ба намояндагони қазоии Тоҷиксттон таҳвил доданд.

 Мақомоти амниятии Тоҷикистон теъдоди шаҳрвандони ин кишвар дар гурӯҳҳои террористии фаъол дар Сурия ва Ироқро наздик ба ҳазор нафар эълом кардаанд, ки муҷиби нигаронии шадиди ин мақомот шудааст.

 

Барчасп