Июл 08, 2018 08:53 Asia/Dushanbe
  • Боздошти панҷ муттаҳам ба қаллобӣ дар Тоҷикистон

Додситони кулли Тоҷикистон аз боздошти панҷ муттаҳам ба қаллобӣ дар ин кишвар хабар дода, ки худро кормандони ин ниҳод ва ё аз наздикони мақомоти аршади он муаррифӣ карда ва аз шаҳрвандон ба баҳонаи кумак ба ҳалли мушкилоти додгоҳиии онон пули нақд дарёфт кардаанд.

Ба гузориши дафтари матбуотии Додситонии кулли Тоҷикистон, ин афрод пас аз боздошт дар як барномаи телевизионӣ эътироф кардаанд, ҳеҷ иртиботе бо кормандони ин ниҳод надошта ва танҳо ба баҳонаи кумак ба шаҳрвандон аз онон маблағ дарёфт карда ва коре ҳам барои ин афрод анҷом надодаанд.

Яке аз ин боздоштшудагон аз фарде бо ваъдаи кумак барои истихдоми вай дар Додситонии кулли Тоҷикистон, маблағи се ҳазор доллар дарёфт кардааст.

Муттаҳами дувум, ки пеш аз ин борҳо ба иттиҳоми қаллобӣ ба зиндон маҳкум шуда буд, аз модари як зиндонии муттаҳам ба авбошӣ, бо ваъдаи озодии фарзандаш маблағи 30 ҳазор сомонӣ дарёфт кардааст.

Се нафари дигар, ки дар миёни онон як вакили мудофеъ низ шиносоӣ шуда, ба иттиҳомҳои мушобеҳ акнун дар боздоштанд ва алайҳи онон парванда ташкил шудааст.

Аммо Раҳимҷон Каримов ҷомеашиноси тоҷик мегӯяд, ин мавридҳо нишон аз фароҳам будан заминаи чунин ҷиноятҳое дар Тоҷикистон аст, ки баъзе аз мақомоти  додгоҳӣ бо истифода аз мақоми худ ба баҳонаи сабукӣ дар муҷозоти боздоштшудагон, аз наздикони онҳо маблағ дарёфт кардаанд.