Насби нахустин турбинаи нерӯгоҳи Роғун дар Тоҷикистон
Июл 09, 2018 19:43 Asia/Dushanbe
Мутахассисони як ширкати украинӣ кори насби нахустин турбинаи нерӯгоҳи барқӣ-обии Роғун дар Тоҷикистонро ба поён расонданд.
Ба нақл аз Тоҷикта, бо ин иқдом замина барои баҳрабардорӣ аз нахустин турбинаи нерӯгоҳи Роғун дар 16 ноябри соли ҷорӣ фароҳам хоҳад шуд.
Вазни ин турбина 850 тонна аст, ки аз зарфияти тавлиди 600 мегават барқ дар сол бархурдор мебошад ва ҳамзамон бо идомаи кори такмили сохти ин нерӯгоҳ насб шудааст.
Ҳамчунин талош мешавад, ки турбинаи дувуми Роғун авоили 2019 ба баҳрабардорӣ бирасад.