Боздошти чандуминбораи фарзанди яке аз наздикони раисҷумҳурии Тоҷикистон
Мақомоти интизомии Тоҷикистон рӯзи гузашта Диловар Гулов, фарзанди Шералӣ Гул, вазири пешини энержӣ ва саноатро барои чандумин бор дар тайи солҳои ахир боздошт карданд.
Сомонаи “Ахбор” ин хабарро бо такя бар як манбаъ дар сохторҳои қудратии Тоҷикистон мунташир карда ва афзудааст, Диловар Гулов якшанбешаб дар шаҳри Душанбе як корманди бахши мубориза бар зидди ҷиноёти созмонёфтаи Вазорати умури дохилии Тоҷикистонро мавриди латукӯб қарор дода, аз маҳалли ҳодиса фирор кардааст.
Фарзанди 22 - солаи вазири пешини энержӣ ва саноати Тоҷикистон ба аъмоли зиддиқонуниаш дар ҷомеаи Тоҷикистон маъруф шуда ва борҳо ба далели ҷанҷол, мушорикат дар латукӯби афрод ва садамаи ронандагӣ боздошт шуда ва ҳар бор ҳам бо муҷозоти андак аз чанголи қонун раҳоӣ ёфтааст.
Фарзанди дигари Шералӣ Гул ҳамсари духтари Эмомалӣ Раҳмон, раиси Ҷумҳурии Тоҷикистон аст ва гуфта мешавад чанде пеш дар пайи хилофкориҳои такрории Диловар Гулов ва бархе дигар аз фарзандони мақомоти аршад ва наздик ба раҳбарияти Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ба шиддат аз ин гуна рафторҳо, ки боиси латма задан ба эътибори раиси ҷумҳур мешавад, интиқод кардааст.