Июл 10, 2018 13:17 Asia/Dushanbe
  • Дилшод Назаров медали тиллои Гран-Прии Бразилияро ба даст овард

Дилшод Назаров варзишгари маъруфи тоҷик дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия дар риштаи партоби гурз медали тилло ба даст овард.

Бино бар иттилои Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон дар мусобиқаи Гран-Прии Бразилия, ки ҳаштуми июл дар шаҳри Браганша Паулистаи Бразилия баргузор шуд, Дилшод Назаров гурзро 75.18 метр партоб кард ва ҷойи авалро бадаст овард.

Дар ин мусобиқаҳо, Сергей Маршиев аз кишвар Молдова бо 74.51 метр ҷойи дуввум ва  Павел Барейша аз кишвари Беларус бо партоби 73.28 метр ҷойгоҳи сеюмро ба худ ихтисос доданд.

Дар ин мусобиқа варзишкорон дар ришатаҳои  дави 100,400, 3000 метр, 400 метр дави бо монеъа, партоби диск ва ҷаҳиш бо халачӯб мардон ва занон рақобат карданд.

Ин дуввумин медали Дилшод Назаров дар соли равон аст.