Дархости 13 сол зиндон барои масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон
(last modified Wed, 11 Jul 2018 04:14:31 GMT )
Июл 11, 2018 09:14 Asia/Dushanbe
  • Дархости 13 сол зиндон барои масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон

Намояндаи додситонӣ дар додгоҳи шаҳри Хуҷанд, маркази вилояти Суғд барои Хуйруллоҳ Мирсаидов, рӯзноманигор ва масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон (КВН Таджикистан) дархости 13 сол зиндон кардааст.

Ба гузориши “Азия плюс”, намояндаи додситонии вилояти Суғд дар додгоҳи муҳокимаи ин рӯзноманигор дархост кардааст, илова бар 13 соли маҳкумият ба зиндон, вай бояд барои ҷуброни хисороти молии ворида ба будҷаи вилояти Суғд, маблағи 123 ҳазору 913 сомонӣ (муодили 13,5 ҳазор доллар) низ пардохт кунад.

Масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон дар моҳи декабри соли 2017 ба иттиҳоми ғайримақсаднок истифода бурдани маблағ, сохтакории аснод ва барангехтани танаффури мазҳабӣ боздошт шуд, ки ин иқдом эътирози созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башарӣ ва рӯзноманигоронро барангехт.

Моҷаро замоне оғоз шуд, ки Хайруллоҳ Мирсаидов, масъули бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон ва хабарнигори собиқи хабаргузории “Азия плюс” ва радиои “Садои Олмон” алайҳи Олим Зоҳидзода, мудири идораи ҷавонон ва варзиши вилояти Суғд ба мақомҳои олии кишвар ва вилояти Суғд шикоят кард. Иллати шикоят низ пардохт накардани маблағи таъйиншуда барои бошгоҳи ҳозирҷавобон ва талаби ришва унвон шуд.

Дар ҷараёни баррасии парвандаи вай дар додгоҳ, банди марбут ба барангехтани танаффури мазҳабӣ аз байн бурда шуд.

Интизор меравад, додгоҳи вилояти Суғд ҳукми маҳкумияти Хайрулло Мирсаидовро рӯзи 12-уми июл эълом кунад.

Бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон муташаккил аз теъдоде ҷавон аст, ки дар солҳои гузашта дар мусобиқоти саросарӣ дар ҳавзаи кишварҳои узви Ҷомеаи Ҳамсуд мақом овардаанд.

Мақоми аввал ва дувуми мусобиқоти бошгоҳҳои ҳозирҷавобон дар Маскав ва Қирғизистон тайи ду соли ахир, аз ҷумлаи ифтихороти бошгоҳи ҳозирҷавобони Тоҷикистон аст.