Интишори маҷмӯаи мақолаҳо дар бораи устод Айнӣ дар қолаби китоб
Академияи илмҳои Тоҷикистон маҷмуаи мақолаҳо дар бораи устод Садриддин Айнӣ, бунёдгузори адабиёти муосири тоҷикро дар қолаби китобе мунташир кард.
Ба нақл аз Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон, ин китоб бо унвони "Садриддин Айнӣ - маорифпарвар", маҷмӯае аз мақолаҳои ироашуда дар конфронсҳои дохилӣ аст ва аз тарафи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон ба ифтихори 140 солагии устод Айнӣ мунташир шудааст.
Ин китоб маҷмуае аз мақолаҳои соҳибназарони кишвар дар бораи зиндагӣ ва фаъолиятҳои устод Садриддин Айнӣ аст, ки бо талоши Хуршед Зиёӣ, Обидҷон Маҳмудзода ва Эҳсон Сафарзода таҳия шуда ва зери назари профессор Сайид Нуриддини Саид дар тиражи 300 нусха ба чоп расидааст.
Дар пешгуфтори ин китоб хондани он ба устодон ва омӯзгорон, донишҷӯёни муассисоти таҳсилӣ ва муҳаққиқон пешниҳод шудааст.
Дар соли ҷорӣ дар Тоҷикистон чанд ҳамоиши муҳим ба ифтихори устод Садриддин Айнӣ баргузор шуд.
Ҳамчунин имсол Хона-музеи Садриддин Айнӣ аз нав таъмир ва барои боздиди умум омода шуд.