Тоҷикистон таъминкунандаи умдаи коргарони муҳоҷири Русия хоҳад шуд
Маркази пажӯҳишии масоили иҷтимоӣ ва пешбинии рушди ҷамъияти Фарҳангистони улуми Русия эълом кардааст, ба иллати коҳиши ҷамъияти ин кишвар, тайи 10 соли оянда Тоҷикистон аслитарин таъминкунандаи нерӯи кори ҷавони мавриди ниёзи иқтисоди Русия хоҳад буд.
Ба гузориши “Спутник” дар ин пажӯҳиш таъкид шудааст, аз соли 2018 раванди коҳиши ҷамъияти Русия оғоз шудааст ва ин мушкил метавонад то 10 сол идома ёбад.
Ҳамчунин гуфта шудааст, бидуни вуруди нерӯи кори ҷавон аз хориҷи кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон ҷуброни коҳиши ҷамъияти Русия ғайримумкин аст.
Зеро тайи шаш моҳи нахусти соли 2018 омори зоду валад дар Русия дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба 22 дарсад коҳиш ёфтааст ва ҷомеашиносон муътақиданд, ба далели коҳиши вуруди коргарони муҳоҷир аз Украина ва бархе кишварҳои узви ИДМ, бояд дар интизори уфти бештари ҷамъияти ин кишвар буд.
Аз ин рӯ, Маркази пажӯҳишии масоили иҷтимоӣ ва пешбинии рушди ҷамъияти Русия эълом кардааст, танҳо роҳи афзоиши ҷамъияти ин кишвар вуруди коргарони муҳоҷири хориҷӣ аст.
Ба ин далел, ки дар соли 2017 ҷамъияти Русия ба хотири коргарони муҳоҷири хориҷӣ 211 ҳазору 900 нафар афзоиш ёфт, ки ин амр нишон медиҳад, танҳо роҳи ҷуброни камбуди ҷамъият, тавассул ба ин афрод хоҳад буд.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, беш аз 203 ҳазор нафар аз маҷмуи 211 ҳазору 900 нафар аз коргарони муҳоҷири хориҷӣ, ки боиси афзоиши ҷамъияти Русия дар соли 2017 шудаанд, шаҳрвандони кишварҳои узви ИДМ будаанд.
Вазорати дохилии Русия низ эълом кардааст, дар соли 2018 дар Русия як миллиону 66 ҳазор нафар аз атбои Ӯзбакистон, наздик ба як миллион нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон, 625 ҳазор қирғиз ва 486 ҳазор қазоқ ба унвони коргари муҳоҷир бо муҷаввизи расмӣ фаъолият мекунанд.
Ахиран мақомоти Вазорати дохилаи Русия эълом кардаанд, ба иллати коҳиши рушди ҷамъияти Русия, дар ҳоли ба ҳадди ақал расондани мароҳили дарёфти тобеияти Русия барои шаҳрвандони хориҷӣ ҳастанд, ки бо камтарин ҳазина ва дар муддати кӯтоҳ анҷом хоҳад шуд.