Кӯҳнавардони тоҷик қуллаи Карл Марксро фатҳ карданд
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36631-Кӯҳнавардони_тоҷик_қуллаи_Карл_Марксро_фатҳ_карданд
Панҷ кӯҳнаварди тоҷик муваффақ ба фатҳи қуллаи 6723-метрии Карл Маркс дар ҷанубу ғарби риштакӯҳҳои вилояти Бадахшон шуданд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2018 06:08 Asia/Dushanbe
  • Кӯҳнавардони тоҷик қуллаи Карл Марксро фатҳ карданд

Панҷ кӯҳнаварди тоҷик муваффақ ба фатҳи қуллаи 6723-метрии Карл Маркс дар ҷанубу ғарби риштакӯҳҳои вилояти Бадахшон шуданд.

Ба гузориши хабаргузори Тоҷик-ТА, яке аз ин панҷ нафар, Шаъбон Яфталиев корманди Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аст.

Онон қабл аз баромадан ба ин қулла, масири ҳаракати худро бо ширкати гардишгари Mountain Adventure Travel Tajikistan ва Кумитаи давлатии ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон ҳамоҳанг карда буданд.

Гуфта мешавад, масоҳати умумии яхчолҳои табиӣ дар атрофи қуллаи Карл Маркс ба беш аз 120 километри мураббаъ мерасад.

Ин қулла баландтарин макон дар риштакӯҳҳои минтақаи Шоҳдара дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон аст, ки барои нахустин бор кӯҳнавардони Шӯравӣ дар соли 1946 мелодӣ онро фатҳ карданд.

 Исмоили Сомонӣ ва Истқлол, баландтарин қулаҳои риштакӯҳҳои Бадахшон дар хоки Тоҷикистон ҳастанд, ки наздик ба ҳафт 7500 метр баландӣ доранд ва ҳамасола кӯҳнавардони зиёде аз хориҷи кишвар барои фатҳи ин ду қулла меоянд.