Сарвазири Тоҷикистон ба Узбакистон сафар мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i36650-Сарвазири_Тоҷикистон_ба_Узбакистон_сафар_мекунад
Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар садри як ҳайати воломақом аз Узбекистон боздид мекунад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Июл 15, 2018 15:17 Asia/Dushanbe
  • Сарвазири Тоҷикистон ба Узбакистон сафар мекунад

Қоҳир Расулзода, сарвазири Тоҷикистон дар садри як ҳайати воломақом аз Узбекистон боздид мекунад.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, ҷонибҳо сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Узбекистон баррасӣ мекунанд.

Тибқи иттилои Вазорати умури хориҷии Узбекистон, 16 июл дар шаҳри Фарғона мулоқоти Расулзода бо ҳамтои узбекистонияш, Абдулло Орипов дар назар аст.

Ҳайати Тоҷикистонро асосан вазирону раисони кумитаҳои давлатӣ ташкил медиҳанд.

Дар назар аст, ки ҷонибҳо сафари қарибулвуқӯи Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистонро ба Узбекистон ва мулоқоти сарони ду давлатро баррасӣ кунанд.