Июл 17, 2018 07:51 Asia/Dushanbe
  • Ду миллиард сомонӣ - қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ

Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон эълом кард, қарзи ширкати “Барқи тоҷик” аз нерӯгоҳҳои барқи обии “Сангтӯда-1” ва “Сангтӯда-2” ба беш аз ду миллиарду 221 миллион сомонӣ расидааст.

Ба гузориши сойти Вазорати энержӣ ва захоири оби Тоҷикистон, қарзи ин ширкат аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1” ба як миллиард сомонӣ ва аз “Сангтӯда-2” ба беш аз як миллиарду 221 миллион сомонӣ расидааст.

Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”, ки тарҳи муштараки Русия ва Тоҷикистон аст, дар соли 2009 ба баҳрабардорӣ расид ва 12 дарсад аз кулли барқи тавлидшуда дар нерӯгоҳҳои барқи обии Тоҷикистонро ба худ ихтисос додааст. Русия 75 дарсад ва Тоҷикистон 25 дарсад аз саҳмияҳои молии нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-1”-ро дар ихтиёр дорад. Нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” тарҳи муштараки Тоҷикистону Ҷумҳурии Исломии Эрон аст, ки дар соли 2011 ба баҳрабардорӣ расид. Барои сохти он Теҳрон 180 миллион доллар ва Душанбе 40 миллион доллар ҳазина кардаанд. Қаблан тарафҳо тавофуқ карда буданд, ки пас аз 12,5 сол аз замони баҳрабардорӣ аз нерӯгоҳи барқи обии “Сангтӯда-2” ва пардохти қарзи Эрон ин нерӯгоҳ дар ихтиёри Тоҷикистон қарор бигирад. Аммо ба далели афзоиши қарзи молии ширкати “Барқи тоҷик” ин муддат ба 14,5 сол тамдид шуд.

Тайи шаш моҳи нахусти соли ҷорӣ дар Тоҷикистон беш аз 9 миллиарду 517 миллион киловатт/соат барқ тавлид шуда, ки 1 миллиарду 237 миллион киловатти он ба хориҷ содир шудааст ва дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли қабл наздик ба ду дарсад афзоиш доштааст. Тайи ин муддат қарзи Корхонаи арзизи Тоҷикистон аз ширкати “Барқи тоҷик” бобати барқи масрафӣ ба 421 миллион сомонӣ, бахши хонагӣ 930 миллион сомонӣ ва соири муштариён 770 миллион сомонӣ расидааст.