Иллати сухтор дар бозори Корвон мушаххас шуд
Июл 17, 2018 06:08 Asia/Dushanbe
Риёсати сухторхомушкунии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, иллати сухтори рӯзи 14 июл дар бозори Корвонро эълом кард.
Ба нақл аз Спутник, иллати сухтори нимаи дуввуми рӯзи 14-уми июли бозори Корвон сигор кашидани як ҷавони 29 сола дар назди бастаҳои пахта будааст.
Ба гуфтаи масъулон ин ҷавон шиносоӣ ва ҷарима шудааст.
Мақомоти оташнишонии Тоҷикистон иттилоъ доданд, ки мизони хисороти модии ворид шуда 135 кило грам пахта будааст.
Пеш аз ин шоҳидон гуфта буданд, ки сухтор ба хотири гармои шадиди ҳаво ва худ ба худ ба вуҷуд омадааст.
Бозори Корвон дар шаҳри Душанбе қарор дорад ва бузургтарин бозори Тоҷикистон аст.