Дар таркиши ошхона, 8 муҳоҷир тоҷик ва узбак ҷароҳат бардоштанд
Дар таркише, ки 16 июл дар ресторани ғизоҳои шарқӣ дар Маскав рух дод, 8 муҳоҷири тоҷик ва узбак маҷруҳ шуданд.
Ба нақл аз Ахбор, асри нимаи дуввуми дирӯз шоҳидон ба мақомоти Ҳолатҳои фавқулъодаи шаҳри Маскав хабар доданд дар ошхонае воқеъ дар ноҳияи Шукино дар шимолиғарби шаҳри Маскав таркиш рух додааст.
Ибтидо гумон мерафт, ки ин таркиш дар устохонаи тармими мошинҳои наздик ба ошхона рух дода, аммо баъдан мушаххас шуд таркиш дар ошхона иттифоқ афтодааст.
Отаншнишонҳо аз зери овор 4 балони пури газ ва як балони таркида пайдо карданд, ки бино бар фарзияҳои аввалия иллати ин таркиш, таркидани балони газ будааст.
Бар асари таркиш, деворҳои ошхона рехта ва 8 нафар аз муштариёне, ки дар лаҳзаи таркиш дар онҷо ҳузур доштанд ҷароҳатҳое бардошта ва дучори сухтагӣ шудаанд.
Вазъи яке аз маҷруҳони ҳодиса, ки марде 43 сола аз Тоҷикистон аст, вахимтар аз бақия буда, ки дар бемористон бистарӣ шудааст, аммо дигар маҷруҳон пас аз гирифтани ёрии аввалияи тиббӣ ҷавоб додаанд.
Як муҳоҷири тоҷик, ки ҳангоми таркиш дар ошхона буд, гуфт: Ман дар онҷо машғули хурдани хурок будам, ки садои баланде ба гуш расид аввал фикр кардам, ки таркиши кучаке рух дода бошад, аммо вақте дидам чи шудааст ваҳшат кардам.
Бахши аъзаме аз муштариёни ин ошхона муҳоҷирони ронандаи таксӣ ва зодагони Тоҷикистон ва Узбакистон буданд.