Июл 18, 2018 07:53 Asia/Dushanbe
  • 450 шаҳрванди Тоҷикистон дар зиндонҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон

Мақомоти Додситонии кулли Тоҷикистон аз нигаҳдории 450 шаҳрванди ин кишвар дар зиндонҳои Сурия, Ироқ ва Афғонистон хабар додаанд.

Ба гузориши хабаргузории “Азия плюс”, мақомот гуфтаанд, ки ин афрод ба иттиҳоми мушорикат дар фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар қаламрави ин 3 кишвар ба зиндон маҳкум шудаанд.

Ҳамчунин 470 нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистон тайи солҳои ахир дар даргириҳо миёни гурӯҳҳои террористӣ ва нерӯҳои давлатии Сурия, Ироқ ва Афғонистон кушта шудаанд.

Аммо манобеи Додситонии кулли Тоҷикистон аз зикри теъдоди дақиқи шаҳрвандони ин кишвар, ки дар хориҷ аз кишвар дар таркиби гурӯҳҳои террористӣ ҳузур доранд, худдорӣ кардаанд.

Аз сӯйи дигар, Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи майи имсол тайи суханоне дар дидор бо намояндагони маҳофили донишгоҳӣ ва рӯҳониёни тоҷик гуфта буд, ки 700 нафар аз шаҳрвандони ин кишвар ба иттиҳоми мушорикат дар даргириҳои низомӣ дар хориҷ боздошт шудаанд. Вай таъкид карда буд, ки пас аз шикасти гурӯҳи террористии ДИИШ дар Сурия ва Ироқ теъдоде аз аъзои тоҷикистонии ин созмони такфирӣ ба шимоли Афғонистон мунтақил шудаанд.

Ин дар ҳолест, ки нерӯҳои полис ва амнияти Туркия тайи 3 соли ахир садҳо нафар аз шаҳрвандони Тоҷикистонро, ки қасди вуруд ба Сурия ва Ироқ ва пайвастан ба сафи гурӯҳи террористии ДИИШ-ро доштанд, дар марз боздошт ва ба кишварашон истирдод кардаанд