Июл 19, 2018 07:35 Asia/Dushanbe
  • Пешниҳоди афзоиши 15-дарсадии қимати барқу оби гарм дар Тоҷикистон

Ширкати давлатии “Барқи тоҷик” тарҳи афзоиши 15-дарсадии қимати барқу оби гарм дар ин кишварро ба давлат ироа кардааст.

Ба гузориши хабаргузории “ТоҷикТА”, акнун бояд давлати Тоҷикистон дар бораи тарҳи пешниҳодии ширкати давлатии “Барқи тоҷик” мабнӣ бар зарурати афзоиши 15-дарсадии қимати барқу оби гарм тасмимгирӣ кунад.

Ин дар ҳолест, ки ҳар сол давлати Тоҷикистон қимати барқро афзоиш медиҳад. Давлати Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2017 қимати ҳар киловатт/соат барқи масрафӣ барои бахши хонагиро 15 дарсад афзоиш дода буд. Аз ин рӯ, мардум барои ҳар киловатт/соат барқи масрафӣ 16,6 дирам пардохт мекунанд, ки пеш аз он 12,6 дирам буд. Аз соли 2017 ниҳодҳои идорӣ, хадамотӣ ва варзишгоҳҳо барои як киловатт барқи масрафӣ монанди шаҳрвандон 16,6 дирам пардохт мекунанд. Аммо корхонаҳо ва марокизи тиҷорӣ барои як киловолт/соат нерӯи барқ 40.99 дирам (муодили чаҳор сент) пардохт мекунанд.

Давлати Тоҷикистон дар соли 2010 бо Бонки Ҷаҳонӣ барои дарёфти воми молӣ созишнома имзо карда, мутааҳҳид шудааст, ки ҳамасола қимати барқро афзоиш диҳад, то вақте ки хадамоти интиқоли барқро ба сатҳи стандартҳои ҷаҳонӣ бирасонад.