Июл 19, 2018 12:19 Asia/Dushanbe
  • Вазири адлияи Тоҷикистон: Ду роҳ барои озодии Зайд Саидов мавҷуд аст

Вазири адлияи Тоҷикистон дар мавриди дархости Дафтари ҳуқуқи башари Созмони Миллали Муттаҳид барои озод кардани Зайд Саидов аз зиндон гуфт: Дар сурати дастрас намудани қарор, онро баррасӣ хоҳанд кард.

Ба нақл аз Спутник, Рустам Шоҳмурод вазири адлияи Тоҷикистон гуфт: Ду роҳ барои озодии Зайд Саидов мавҷуд аст.

Шоҳмурод рӯзи 18 июл дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе гуфт: Яке аз роҳҳои мавҷуд барои озодии Зайд Саидов афви раиси ҷумҳури Тоҷикистон аст ва дуввум ин ки вай шомили қонуни афви умумӣ шавад.

Зайд Саидов соҳибкор ва собиқ вазири саноати Тоҷикистон дар солҳои 1999 то 2006 буд, ки пас аз поён ёфтани масъулият дар вазоратхона, иқдом ба сохти марказҳои тиҷории зиёде дар шаҳри Душанбе кард. Вай пас аз он ки дар соли 2013 ҳизби сиёсии "Тоҷикистони нав"-ро таъсис кард боздошт ва ба 29 сол зиндон маҳкум шуд.