Июл 20, 2018 19:18 Asia/Dushanbe
  • Такмили нақби «Истиқлол» ба 8 миллион доллар ниёз дорад

Муовини аввали вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон гуфт: Барои такмили нақби «Истиқлол», ки бахш марказии Тоҷикистонро бо шимоли ин кишвар муттасил мекунад, ниёз ба беш аз 8 миллион доллари дигар аст.

Суҳроб Мирзоев муовини аввали вазири ҳамлу нақли Тоҷикистон дар нишасти хабарӣ гуфт: Барои такмили корҳои сохтусоз дар нақби «Истиқлол» беш аз 8 миллион доллари дигар лозим аст.

Вай ин суханонро дар посух ба саволи як рӯзноманигор дар хусуси ин, ки дар ниҳоят сохти ин нақб ба таври комил кай ба итмом хоҳад расид, эълом кард.

Мирзоев гуфт: Дар ҳоли ҳозир бояд корҳои марбут ба танзими системаи таҳвия ва оташнишонӣ такмил ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гиранд.

Вай афзуд: Иқдомоти лозим дар ин нақб омода шудааст, аммо барои амалисозии он ба 8 миллиону 200 ҳазор доллари дигар ниёз аст, ки ин мавзӯъ бояд бо тарафи эронӣ ҳамоҳанг шавад.

 Ин мақоми тоҷик дар идома афзуд: Дар ҳоли ҳозир ин масъала бо Вазорати неруи Эрон дар дасти баррасӣ қарор гирифтааст.

Эрон ва Тоҷикистон дар сол 2003 мелодӣ дар хусуси сохти нақби «Истиқлол» тавофуқнома ба имзо расонданд. Ҳаҷми сармоягузории куллии сохти ин тарҳ 39 миллион доллар эълом шуда буд.