Милисаи шиканҷагар ва фирории тоҷик, таҳт пайгарди байналмилалӣ
Додситони вилояти Хатлон як афсари идораи мубориза бо маводи мухаддири милисаи ноҳияи Дӯстиро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дод.
Ба гузориши хабаргузории Фарғона, Насруллоҳ Маҳмудзода додситони вилояти Хатлон, Муҳаммадуллоҳ Идиевро муттаҳам ба шиканҷа ва марги Толибҷон Дӯстов сокини ноҳияи Шиҳритус дар июли соли 2017 кардааст.
Кормандони милисаи ноҳияи Дӯстӣ, Толибҷон Дӯстовро ба иттиҳоми мушорикат дар қочоқи маводи мухаддир боздошт карда буданд ва мавриди шиканҷа қарор доданд.
Дар ниҳоят пас аз чанд соат, ҷасади беҷони вай дар бемористони ноҳияи Қубодиён пайдо шуд.
Дар пайи мушоҳидаи осори шиканҷа дар бадани Толибҷон, хонаводаи вай зидди Муҳаммадуллоҳ Идиев афсари идораи мубориза бо маводи мухаддири ноҳияи Дӯстӣ шикоят карданд, ки таҳқиқ дар бораи ин ҳодиса дар додгоҳ оғоз шуд.
Ин афсар, ки аз мақоми худ барканор шуда буд, ба шарт ин ки маҳали зиндагии худро тарк накунад, дар озодӣ қарор дошт.
Аммо вай ба баҳонаи беморӣ дар ҷаласаҳои додгоҳ ҳозир намешуд ва дар ниҳоят иқдом ба фирор кард.
Акнун мақомоти Додситонии вилояти Хатлон Муҳаммадуллоҳ Идиевро таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор дода ва мунтазиранд, ки битавонанд бо кумаки Интерпол вайро дастгир кунанд.
Дар Тоҷикистон ин дувумин мавриде аст, ки афсарони неруи интизомии ин кишвар таҳти пайгарди байналмилалӣ қарор мегиранд.
Мавриди нахуст ба Гулмурод Ҳалимов фармондеҳи неруи вижаи Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон бармегардад, ки дар соли 2015 бо пайвастан ба гурӯҳи террористии ДИИШ, ба Сурия фирор кард.