Даст доштани кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар қочоқи маводи мухаддир
(last modified Mon, 23 Jul 2018 03:42:54 GMT )
Июл 23, 2018 08:42 Asia/Dushanbe
  • Даст доштани кормандони сохторҳои қудратии Тоҷикистон дар қочоқи маводи мухаддир

Раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон гуфт, қочоқи маводи мухаддир аз қаламрави ин кишвар бидуни мушорикати бархе аз кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомӣ имконпазир нест.

Ба гузориши сомонаи Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон, Шерхон Салимзода гуфт, баррасиҳо нишон медиҳад, бархе аз кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии ин кишвар бо қочоқчиёни маводи мухаддир ҳамкорӣ доштаанд ва дар ғайри ин сурат заминаи интиқоли анвои маводи мухаддир аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дар идома ба Русия вуҷуд надорад.

Вай таъкид кард, бо талоши муштараки Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон ва ҳамкории дигар ниҳодҳои қудратии ин кишвар, тайи солҳои ахир теъдоде аз фармондеҳони посгоҳҳо ва афсарони марзбонӣ ба иттиҳоми ҳамдастӣ бо гурӯҳҳои қочоқчии маводи мухаддир боздошт шудаанд.

Аммо вай аз зикри теъдоди дақиқи кормандони ниҳодҳои амниятӣ ва интизомии Тоҷикистон, ки дар раванди қочоқи маводи мухаддир даст доштаанд, худдорӣ кард.

Аз сӯйи дигар, додситони вилояти Суғд тайи нишасти хабарие дар шаҳри Хуҷанд гуфт, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 5 корманди идороти амниятӣ ва интизомӣ дар шимоли Тоҷикистон боздошт шудаанд.

Ба гуфтаи Ҳабибуллоҳ Воҳидов, алайҳи Алишер Қурбонзода ва Мурод Ҳоҷизода- ду корманди Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон дар вилояти Суғд ба иттиҳоми мушорикат дар қочоқи маводи мухаддир парвандаи ҷиноӣ ташкил шудааст.

Раиси Ожонси мубориза бо маводи мухаддири Тоҷикистон чанд рӯз қабл гуфта буд, ки сарони 4 гурӯҳи қочоқчии байналмилалии маводи мухаддир дар қаламрави ин кишвар ва Русия боздошт шудаанд, ки тайи 20 соли ахир ин гурӯҳҳо бо интиқоли даромади ҳосил аз фурӯши маводи мухаддир аз тариқи системаи бонкии Русия 10 миллион доллар ба даст овардаанд.

Вай муътақид аст, ки 70 то 80 дарсади ин маблағ барои кумак ба фаъолияти гурӯҳҳои террористӣ дар Афғонистон ҳазина шудааст.