Июл 23, 2018 15:22 Asia/Dushanbe
  • Талоши фаъолони расонаии тоҷик барои кумак ба Иброҳим Тиллозода

Гуруҳи фаъолони тоҷик дар сомонаи Change.org маъракаи ҷамъоварии имзоҳо зери як номаи муштарак ба президент Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва созмонҳои байналмилалиро оғоз кардаанд.

Ба иттилои Ахбор, дар ин нома аз ҳукумати Тоҷикистон тақозо мешавад, ки ба Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи чорсола раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ иҷозат сафар ба хориҷ диҳад. Иброҳим Тиллозода аз як навъи нодири бемории саратон азият мекашад ва ба табобат ниёз дорад.

Гуруҳи фаъолони тоҷик ба маъракаи ҷамъоварии имзоҳо зери як номаи муштарак ба пуштибонӣ аз Иброҳим (Ҳамза) Тиллозода, набераи чорсолаи раиси ҳизби феълан дар Тоҷикистон мамнӯи наҳзати исломӣ (ҲНИТ) оғоз кардаанд.

Наздикони Кабирӣ гуфтанд, ки мақомоти амниятии Тоҷикистон рӯзи 21 июл дархости модари ин кӯдак Мижгона Зайниддинова барои ба хотири табобат ба хориҷ бурдани Иброҳим (Ҳамза)-ро рад кардаанд. Иброҳим(Ҳамза) аз эмбриональная карцинома, як навъи барои кӯдакон хеле нодири бемории саратон азият мекашад. Модараш гуфтааст, ки омода ҳаст, ду кӯдаки дигарашро ҳамчун кафолати бозгашти худ дар Тоҷикистон бимонад, вале дархосташ барои сафар ба хориҷро боз ҳам напазируфтаанд.

Дар номае, ки дар сомонаи Change.org ба унвони раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, дигар мақомоти баландпояи ҳукумати ин кишвар, ҳамчун ба номи созмонҳои муътабари байналмилалӣ, аз ҷумла СММ, САҲА, ИА навишта шудааст, гуфта мешавад, ки набераи чорсола ва маризи Кабирӣ амалан дар дасти ҳукумат ба гаравгон табдил ёфтааст. Муаллифон аз Эмомалӣ Раҳмон тақозо кардаанд, ки бо ҳаёти кӯдак бозӣ накунанд ва ӯро иҷозати сафар бидиҳанд, то дар хориҷ мавриди табобат қарор дода шавад.

Дар нома, ки зери он алакай беш аз 100 нафар имзо кардаанд, гуфта мешавад, ки дар соли 2015 мақомоти Тоҷикистон шиносномаи Мижгона Зайниддинова, модари ин кӯдакро танҳо барои онки келини Кабирӣ буд, мусодира карданд: "Кӯдаки бегуноҳ наметавонад барои фаъолияти сиёсии оппозитсионии бобояш ҷавоб диҳад. Давроне, ки режимҳо кӯдаконро гаравгон мегирифтанд, дар асри гузашта монд. Мо талаб мекунем, ба модари ин кӯдак иҷозат диҳанд, то ӯро барои табобат ба хориҷа барад. Ин кӯдакро ҳанӯз наҷот додан имкон дорад.”